
Договорная
МУТАХАССИСИ КИШОВАРЗӢ БО ТАҶРИБАИ КОР БО АБЗОРҲОИ РАҚАМӢ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАҲҚИҚОТИ ИБТИДОӢ (BASELINE STUDY)
Душанбе
★★★★★Оставить первый отзывХарактеристики
Описание
Дар ҳамин замина ташкилоти (GNT) лоиҳаи муҳимеро оғоз намуд, ки дар доираи он барои ҷавонони деҳот имкониятҳои нави рушди рақамӣ, такмили малакаҳо ва васеъ намудани дастрасӣ ба бозорҳо фароҳам оварда мешавад. Лоиҳа ба пешбурди рақамисозии кишоварзӣ равона гардида, кӯшиш мекунад, ки маҳдудиятҳои мавҷудаи дастрасӣ ба технология ва иттилоотро бартараф намояд ва бо самтҳои афзалиятноки рушди миллии кишвар ҳамоҳанг бошад. Ин ташаббус заминаи рушди устувори агробизнес ва беҳбудии зиндагии ҷавонон дар минтақаҳои деҳотро фароҳам меорад. Кишоварзӣ яке аз самтҳои калидии иқтисодӣ ва манбаи асосии зиндагии аҳолии деҳоти Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди аҳаммияти бузурги ин соҳа, кишоварзӣ, бахусус дар байни ҷавонон, бо мушкилоти ҷиддии сохторӣ, аз ҷумла маҳдуд будани дастрасӣ ба бозорҳо, камбуди иттилоот, сатҳи пасти истифодаи технологияҳои муосир ва норасоии малакаҳои рақамӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ҳамзамон, рушди босуръати технологияҳои рақамӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ имкониятҳои навро барои беҳтар намудани ҳосилнокӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, густариши дастрасӣ ба бозорҳо ва рушди агробизнес фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон дастрасӣ ба интернет ва сатҳи саводнокии рақамӣ ҳанӯз ба таври кофӣ рушд наёфта, имкониятҳои деҳқонон ва соҳибкорони ҷавонро маҳдуд месозад. Ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbor дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GNT) дар доираи татбиқи лоиҳае, ки ба табдили рақамии соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии деҳқонони ҷавон равона гардидааст, барои гузаронидани таҳқиқоти ибтидоӣ (Baseline study) мутахассиси соҳибтаҷрибаро бо донишу малакаҳои кор бо воситаҳои рақамӣ ҷалб менамояд. Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосӣ 1. Таҳия ва омодасозии абзорҳои таҳқиқоти ибтидоӣ (Baseline) • Таҳия намудани асбобҳои таҳқиқоти ибтидоӣ (Baseline), аз ҷумла: – саволномаи пурсиш, – дастур ва формати гузаронидани муҳокимаҳои гурӯҳии (FGD), – харита барои арзёбии платформаҳои рақамӣ. • Таъмини раванди омодасозии асбобҳо, аз ҷумла таҳия, баррасии дохилӣ ва гузаронидани санҷиши пилотӣ бо иштироки 8–10 деҳқони ҷавон. • Таҳлили натиҷаҳои санҷиши пилотӣ ва такмили абзорҳо бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои гирифташуда. • Ҳамоҳангсозӣ бо кормандони лоиҳа ва намояндагони Вазорати кишоварзӣ дар марҳилаи таҳия ва мувофиқаи асбобҳо. 2. Омӯзиши мусоҳибагарон ва ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ. • Танзим ва идоракунии абзорҳои рақамии ҷамъоварии маълумот дар KoboToolbox, аз ҷумла боргузории саволномаҳо, назорати сифати маълумот ва бартарафсозии мушкилоти техникӣ. • Гузаронидани омӯзиши дурӯза барои 5 мусоҳибагар оид ба абзорҳои пурсиш, ҷамъоварии рақамии маълумот (KoboToolbox), ҷанбаҳои ахлоқӣ ва мусоҳибаҳои намунавӣ. • Ҳамоҳангсозӣ ва назорати ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ дар минтақаҳои интихобшуда бо истифода аз пурсишҳои хонаводаҳо, муҳокимаҳои гурӯҳии ҳадафнок ва мушоҳидаҳои ибтидоӣ барои арзёбии қобилияти истифодаи платформаҳои рақамӣ. 3. Таҳлили маълумот ва ҳисоботдиҳӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти ибтидоӣ. • Ташкил ва гузаронидани таҳлили маълумоте, ки дар доираи таҳқиқоти ибтидоӣ (Baseline), ҷамъоварӣ шудаанд, бо истифода аз KoboToolbox ва дигар абзорҳои мувофиқи таҳлилӣ. • Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботи пурра сохторбандӣшуда ва таҳлилӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти ибтидоӣ. • Пешниҳоди натиҷаҳои таҳқиқоти ибтидоӣ (Baseline), ба ҷонибҳои манфиатдор ва дар ҳолати зарурӣ ворид намудани ислоҳот тибқи натиҷаҳои муҳокима.
Условия работы
Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо: 05.01.2026 Таҷрибаи корӣ (гузаронидани тадкикот): На кам аз 2 сол Ҷойгиршавӣ: ш. Душанбе Навъи шартнома: Шартномаи хидматрасонӣ кӯтоҳмуддат Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд. Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд. Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст. Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.
Требования
Талабот ба довталаб • Маълумоти олӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, иқтисод, кишоварзӣ, илмҳои иҷтимоӣ ё соҳаҳои вобаста; • Таҷрибаи кор дар таҳия ва гузаронидани таҳқиқот, пурсишҳо ё арзёбиҳо; • Донишу таҷрибаи кор бо воситаҳо ва платформаҳои рақамӣ; • Фаҳмиши умумии масъалаҳои кишоварзӣ ва рушди деҳот (афзалият ҳисобида мешавад); • Малакаҳои хуби таҳлилӣ, муошират ва навиштани гузоришҳо; • Қобилияти кор мустақилона ва дар муҳлати муқарраршуда. Давомнокӣ ва шартҳои кор • Давомнокии кор: тибқи нақшаи лоиҳа (кӯтоҳмуддат); • Шакли ҷалб: шартномавӣ; • Ҷойи иҷрои кор: Тоҷикистон (бо имкони сафари саҳроӣ). Маълумоти иловагиро дар бораи ҷойи кории холӣ ТАНҲО ҳангоми мусоҳиба гирифтан мумкин аст. Нафарони хоҳишманд метавонанд ахборотро оиди таҷрибаи кории худ дар формати ташкилоти Good Neighbors GNT-Application-Form (дар замима) пуркарда ба суроғаи электронии ташкилот [email protected] ва [email protected] то санаи 05 январи 2026 сол Суроғаи ташкилот: ш.Душанбе, кӯч. Г. Завқибекова 34/3 (назди театри лухтак, Стадиони «Спартак», Боғи бачагона). Маълумоти иловагиро оид ба ташкилот метавонед дар сомонаҳои зерин пайдо намоед: www.goodneighbors.org www.goodneighbors.tj https://www.facebook.com/gntajikistan/ https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/ https://www.linkedin.com/company/15834558/
Задайте вопрос
Работодатель ответит вам в чате Paydo
Good Neighbors Tajikistan
21 Обьявлений

