
Характеристики
Описание
Эълон: Ҷалби 5 мутахассис барои ҷамъоварии маълумот дар таҳқиқоти ибтидоӣ (Baseline Study) оид ба рақамисозии кишоварзӣ. Ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GNT) дар доираи татбиқи лоиҳаи муҳиме, ки ба рушди рақамисозии соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии деҳқонони ҷавон равона шудааст, барои анҷоми таҳқиқоти ибтидоӣ (Baseline Study) дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт, Хуросон, Бобоҷон Ғафуров ва Ёвон ҷалби 5 мутахассиси ҷамъоварии маълумот эълон менамояд. Ин таҳқиқот бо мақсади ҷамъоварии маълумоти босифат ва дақиқ дар заминаи истифода ва самаранокии воситаҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва эҳтиёҷоти деҳқонон амалӣ мегардад. Мутахассисон масъуланд, ки дар ҷараёни омӯзиши махсус ва истифодаи асбобҳои муосири ҷамъоварии маълумот, аз ҷумла пурсишҳо, суҳбатҳои гурӯҳӣ ва мушоҳидаҳои саҳроӣ иштирок намуда, маълумоти заруриро ҷамъ оварда, ба таҳлилгарон пешниҳод намоянд. Кор дар муҳити майдонӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки дар ин ноҳияҳо фаъолият мекунанд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, яке аз вазифаҳои муҳими мутахассисон мебошад. Инчунин, номзадҳо бояд қобилияти самаранок кор кардан дар муҳлатҳои муқарраршуда ва ҳифзи сирри маълумотро дошта бошанд. Ҷамъоварии маълумот дар як муҳлати муайян 5 рӯз сурат гирифта, аз ҷумла 2 рӯз иштирок дар омӯзиш ва 3 рӯзи кор дар саҳро иборат аст. Мутахассисон бояд малакаи кор бо таҷҳизоти рақамӣ ва барномаҳоро дошта, тавонанд маълумоти дақиқ ва босифатро ба дастаи лоиҳа пешниҳод кунанд. Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосӣ • Иҷрои пурсишҳои хонаводагӣ бо истифода аз саволномаҳои стандартӣ. • Гузаронидани суҳбатҳои гурӯҳӣ (FGD) бо риояи роҳнамоҳо ва шаклҳои муқарраркардашуда. • Муайянкунии ибтидоии истифодаи платформаҳои рақамӣ дар саҳро. • Таҳқиқ ва сабти дақиқ ва комили маълумот бо истифода аз асбобҳои рақамӣ (Kobocollect). • Риояи меъёрҳои этикӣ, аз ҷумла махфият ва гирифтани розигии огоҳона. • Ҳамкории фаъолона дар омӯзишҳо ва татбиқи малакаҳои омӯхташуда. • Ҳисоботи мушкилот ё масъалаҳои пешомада ҳангоми ҷамъоварии маълумот. • Таҳвили саривақтии маълумоти ҷамъоварӣ дар шакли муайяншуда барои таҳлил.
Условия работы
Филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors (GNT) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ПАНҶ МУТАХАССИСИ ҶАМЪОВАРИИ МАЪЛУМОТИ ТАҲҚИҚОТИ ИБТИДОӢ Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо: 05.01.2026 Таҷрибаи корӣ (гузаронидани тадкикот): На кам аз ду сол Ҷойгиршавӣ: ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт, Хуросон, Бобоҷон Ғафуров ва Ёвон Навъи шартнома: Шартномаи хидматрасонӣ кӯтоҳмуддат Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд. Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд. Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст. Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.
Требования
Талабот ба довталаб Таҳсилоти миёна ва болотар; таҷрибаи корӣ дар ҷамъоварии маълумот афзалият дода мешавад. Қобилияти кор бо таҷҳизоти рақамӣ ва барномаҳои ҷамъоварии маълумот (аз ҷумла KOBO Toolbox ё дигар платформаҳо). Фаҳмиши усулҳои ҷамъоварии маълумот ва равишҳои тадқиқотӣ. Қобилияти муошират бо аҳолӣ ва кор дар муҳити саҳро. Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ. Ҷавобгарӣ, дақиқӣ ва қобилияти кор дар муҳлати муайяншуда. Қобилияти кор дар шароити гуногуни иқлимӣ ва ҷуғрофӣ. Давомнокӣ ва шартҳои кор • Давомнокии кор: тибқи нақшаи лоиҳа (кӯтоҳмуддат); • Шакли ҷалб: шартномавӣ; • Ҷойи иҷрои кор: Тоҷикистон (бо имкони сафари саҳроӣ). Маълумоти иловагиро дар бораи ҷойи кории холӣ ТАНҲО ҳангоми мусоҳиба гирифтан мумкин аст. Нафарони хоҳишманд метавонанд ахборотро оиди таҷрибаи кории худ дар формати ташкилоти Good Neighbors GNT-Application-Form (дар замима) пуркардаба суроғаи электронии ташкилот [email protected] ва [email protected] то санаи 05 январи 2026 сол. Суроғаи ташкилот: ш. Душанбе, кӯч. Г. Завқибекова 34/3 (назди театри лухтак, Стадиони «Спартак», Боғи бачагона). Маълумоти иловагиро оид ба ташкилот метавонед дар сомонаҳои зерин пайдо намоед: www.goodneighbors.org www.goodneighbors.tj https://www.facebook.com/gntajikistan/ https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/ https://www.linkedin.com/company/15834558/
Задайте вопрос
Работодатель ответит вам в чате Paydo
Good Neighbors Tajikistan
21 Обьявлений

