AdDefaultImage

Договорная

ЁРДАМЧИИ ЛОИҲАИ

Шахритус | Хатлон

★★★★★Оставить первый отзыв

Характеристики

Условия работы
Опыт работыОт 1 года до 3 лет
Требования
Дата публикации25.11.2025, 17:11

Описание

Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд. Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд. Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст. Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред. Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти байналмилалии хайриявӣ буда, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаш Лоиҳои Рушди Ҷомеа (ЛРҶ) дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва беҳдошт, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушди ҷомеа, ҳифзи кӯдак ва дигар соҳаҳо пеш бурда мешавад. Ташкилот ёвардамчии лоиҳаи “Мактаби бехатар – кӯдакони бехатар: Навсозии мактаб барои таъмини муҳити бехатар дар мактаб” ба кор қабул мекунад. Уҳдадориҳои ёрадмчии лоиҳа: • Арзёбии фаврии ниёзҳои мактаб • Таҳлили нархи бозор ва ҳисоб кардани миқдори аниқи маводҳои зарурӣ • Таъмини омода будани ҳамаи санадҳои зарурӣ барои эълони тендер • Кӯмак ба равандҳои харидорӣ ва логистикӣ • Дастгирӣ дар иҷрои корҳои таҷдиди мактаб, аз ҷумла таъмин кардан бо мизу курсӣ ва дару тиреза • Ҳамоҳангӣ бо кормандони мактаб ва мақомоти маҳаллӣ ва иштирок дар вохӯриҳо оид ба нақшакашӣ ва баррасӣ • Назорати раванди кор, сифати иҷро ва бехатарӣ • Банақшагирӣ бо кормандони мактаб барои нигоҳдорӣ ва тармими бино ва маводи таҷдидшуда • Пешкаш кардани ҳикояи мувафақият • Кӯмак ба кормандони кор бо кӯдакон дар тақсимот, ҷамъоварии маълумот ва ғайра • Пешниҳод намудани ҳисобот ва санади ичроиши кори моҳона ва варақаи ба ҳисобгирии вақти корӣ ба шуъбаи кадрҳо. • Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои лоиҳа.

Условия работы

Маълумоти касбӣ: Маълумоти олӣ, махсусан дар соҳаи муҳандисӣ ва молия На кам аз 2 сол таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос Макони ҷойгиршавӣ: ноҳияҳои Шаҳритус ва Н. Хусрав Навъи Шартнома: Шартномаи хизматрасонӣ Муҳлати Шартнома: 05 феврал – 30 ноябри соли 2026

Требования

Талаботҳои асосии вазифаи мазкур 1. Донандаи хуби забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ 2. Маҳорати навиштани ҳисобот ва муошират 3. Дар даста (тим) кор кардан ва ростқавлӣ 4. Дониши хуби истифодаи компютер: MS Word, MS Excel, MS Power Point; 5. Саҳеҳӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи ҳатмии реҷаи кории муқарраршуда. Нафарони хоҳишманд метавонанд маълумотро оиди таҷрибаи кории худ дар формати ташкилоти Good Neighbors GNT-Application-Form пуркарда ба суроғаи электронии ташкилот [email protected] ва [email protected] ва ё ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, кӯчаи Гурминҷ Завқибеков 34/3 то санаи 18 декабри 2025 сол пешниҳод намоянд. Сурғаи ташкилот дар минтақаҳо: дар ноҳияи Шахритус: кӯчаи Зиёдалиев, хонаи 19 дар ноҳияи Н. Хусрав: ҷ/д Наврӯз, деҳаи Сангоба, Маълумоти бештарро Шумо метавонед дар сомонаи мо дарёфт намоед: www.goodneighbors.org www.goodneighbors.tj https://www.facebook.com/gntajikistan/ https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/ https://www.linkedin.com/company/15834558/

Задайте вопрос

Работодатель ответит вам в чате Paydo

Good Neighbors Tajikistan

21 Обьявлений

Publisher profile

Похожие объявления